Бо арзи табрику таҳният (гузориш аз таърихи 04.07.2018)
Шоқаҳҳор Муҳаббатзоди истаравшанӣ – бародари омӯзгорон ва ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Шоҳсалим (рӯҳашон шод бод) ва Тошбой Муҳаббатовҳо аст. Ӯ ҳанӯз дар замони шӯравии собиқ ба Тошкандшаҳр омада, муқими доимӣ шуда, фаъолияти корӣ ва ҷамъиятии худро дар бахши рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.
Забондонӣ, дониши васеъ ва истеъдоди фавқулода баланди Шоқаҳҳор Салимов (Муҳаббатзод) буда, ки ӯ дар идораҷоти гуногуни рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, Ожонсӣ ва нашриётҳо фаъолият карда, дар байни ому хос маъруфият касб мекунад. Ӯ зиндагии пуртазоди Афғонистонро бо чашми худ дидааст, дар Ӯзбакистон барои роҳандозии зиндагии пурбори маънавии тоҷикон, таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамгароии халқҳои ҳамсояи Осиёи Миёна талошҳои бесобиқа анҷом додааст.
Дирӯз узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, ба гуфтаи ҳозирин, яке аз пулҳои боэътимоди равобити дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбак Шоқаҳҳор Салимов бо дӯсту бародарон, ҳамкорон, мутарҷимин, рӯзноманигорон ва ҳаводорони худ ҷашни шастумин солгардашро таҷлил кард. Дар ин нишасти пурҷозиба ба корҳои рӯзноманигорӣ, мутарҷимӣ, иҷтимоии мавсуф баҳои баланд дода шуд ва ҳамроҳ бо эътои подошию ҳадяҳои мухталиф овозхонҳо Абдухалил, Гулчеҳрабону ва бародари азизашон Тошбой дили ҳозиринро бо оҳангу таронаҳои дилнишин шодоб сохтанд.
Худованд ба Шоқаҳҳори азизу гиромӣ ва серкор, ба ин сарвари хонаводае, ки ҳамаашон (Кароматапа (ҳамсари эшон), Шуҳрату Пайрав ва Малика) донишгоҳро бо дипломи сурх тамом кардаанд ва пас аз саъю заҳамоти фаровон ба зиндагии мураффаҳ даст ёфтаанд, умри дароз диҳад ва комгорию лаҳзаҳои ширини ҳаётро насибашон гардонад