Овозхони хушадо Азиза Ниёзматова дар синни 46 солагӣ ба иллати бемории саратон аз ин олам даргузашт. Ин зебосанами хоразмӣ як сол пеш ба нияти шифо ёфтан ба Ҳиндустон рафта буд, аммо муолиҷаҳои гирифтааш суд набахшид. Як ҳафта дар Маркази ҷумҳурии саратоншиносӣ хобида, ноумед ба диёри худ Хоразм баргашт ва 15 октябр ҷон ба Ҷаббор таслим намуд.

Сароянда 27 январи соли 1972 зода шудааст, се духтар ва як писар дорад. Агарчи бештар оҳангҳои ӯзбакию хоразмӣ месуруд, дар ҷашну арӯсиҳои тоҷикон низ зиёд ҳунарнамоӣ мекард ва таронаҳои тоҷикиро бо маҳорат ба истимоъ мерасонд.

Яке аз маъруфтарин оҳангҳои Азиза бо ин мисраъҳо оғоз мешавад, ки хурду калон онро замзама мекунанд:

Кишмиш қўшиб бол бераман – есангиз.

Юрагимдан жой бераман – келсангиз.

Новвот қўшиб чой бераман – ичсангиз.

Юрагимдан жой бераман – келсангиз…

Худованди мутаъол ӯро биёмурзад, рӯҳаш шоду ҷаннати барин ҷояш бод.

Leave A Comment