Шарҳи ҳол
Ба номи Худои бахшандаю меҳрубон!
Салому дуруд ҳамзабонони гиромиву арҷманд ва ҳар ки дӯстдори забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст!
Бо инояти Парвардигор моро фурсат расида, то худро муаррифӣ намоем ва минбаъд ҳар нигоштае дорем дар ҳадди имкон ҷиҳати мутолиа ва арзёбӣ ба таваҷҷуҳи алоқамандони азиз ироа кунем. Умед аст, навиштаҳои банда то ҷое дардхури дӯстдорони забону адабиёт ва қобили қабул барои тамоми хонандагони нозукбин ва зебоипараст гардад. Бори дигар сипосгузорам аз ҳар меҳмоне, ки бо нияти нек ба ин фазои маънавии хоксоронаи банда назар афкандааст, нури дида тоҷи сар!
Камина аввали моҳи декабри соли 1964 дар деҳаи Эҷи шаҳристони Нурато, ки он вақт мутааллиқ ба вилояти Самарқанд буд (ҳоло Навоӣ), зода шудаам. Ҳангоми ба дунё омадан падарам бо туҳматҳое маҳбус будааст ва бо хоҳиши модар падарбузургам – Мулло Нурназар ба ман исм мегузорад: Юнус. Чунин номгузорӣ, тавре ки Юнус-паёмбар аз зиндони худ – шиками моҳӣ раҳоӣ ёфтааст, бо умеди озод шудани падари бузургвор аз маҳбас сурат гирифтааст.
Падарам – Имомназар Нурназаров аз соли 1929 то соли 1990 умр дида, чархи рӯзгорашро бо касби духтурӣ гардондааст. Ҳоло мардуми авулҳои қазоқнишини соҳилҳои Ҳайдаркӯл ва деҳоти кӯҳпояи Нурато – аз Авлиё то Синтабу Моҷарму Ӯхму Порашт ӯро чун табибу шифокори додрас ба некӣ ёд мекунанд. Модарам – Ҳанифа Нурназарова (духтари Абдунабӣ) зодаи соли 1936 аст ва дар тӯли зиндагии муштарак бо падарам, гузашта аз кадбонуӣ, ёварии сардухтур ва назофати шифохонаро ба уҳда дошт. Ӯ устои чирадасти ҳунарҳои миллӣ – танӯрсозӣ, намадпазӣ, гилему қолибофӣ, зеҳу сӯзанидӯзӣ… ва ҳамчунин гӯяндаи мумтози шеърҳои мардумӣ буд. Боғдорӣ ва кӯҳгардиро хеле дӯст медошт. Зани суҳбаторо ва дардҷӯ буд. Дар соли 2014 ба дунёи боқӣ реҳлат намуд. Мо – ҳашт бародар ва як хоҳар дар сарпарастии волидайни меҳрубон бузург шудаем.
Инҷониб таҳсили ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби рақами 43 зодгоҳам аз соли 1972 то соли 1982 фаро гирифтаам. Пас аз хатми мактаб вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (шуъбаи форсии факултаи Забонҳои шарқ) шудам. Дар соли дуюми донишҷӯйӣ маро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравии собиқ даъват намуданд. Шаш моҳи давраи омодагӣ ва омӯзишӣ дар шаҳраки Вишний-Волочёки Русия (наздикии Маскав) гузашт. Яку ним соли дигари давраи амалиётӣ дар шаҳраки Ораниенбурги Олмон сипарӣ шуд. Ман дар полкамон, ки махсуси чархболҳои ҷангии неруҳои ҳавоӣ буд, ҳамчун радиомеханик ва нигорандаи амалиёти низомӣ (хронометражист) ифои вазифа кардаам. Дар соли 1986, пас аз итмоми сарбозӣ, таҳсили худро дар донишгоҳ идома додам ва онро соли 1989 бо ихтисоси филолог – муаллими забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ ба поён расондам.
Аз соли 1989 фаъолияти кории банда оғоз ёфт. Як сол дар мактаби миёнаи деҳаи Қандак, ки марбут ба шуъбаи маорифи шаҳри Роғун (Тоҷикистон) буд, аз фанҳои забону адабиёти тоҷик ва забони форсӣ дарс гуфтам. Дақиқан ҳамин фаъолият аз соли 1990 то соли 1996 дар мактаби миёнаи зодгоҳам – деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ идома ёфт.
Моҳи апрели соли 1996 бо даъвати Сарредаксияи «Дӯстлик»-и Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ӯзбекистон ба Тошкандшаҳр омада, то соли 2000 дар шуъбаи тоҷикӣ ба ҳайси муҳаррири калон ва дар бахши форсии барномаҳои бурунмарзӣ ба унвони мутарҷим ифои вазифа намудам.
Вақте ки мушорикати «Собир-Шимбор»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолияти густурдаи худро дар бахши эҳдосу навсозии шабакаҳои обрасонии Ӯзбекистон оғоз намуд, ниёзи мубрам ба мутарҷимини форсизабон дошт. Дар радифи тарҷумонҳои ботаҷриба банда низ аз имтиҳоноти мутахассисини эронӣ гузаштам ва хатсайри ҷадид дар фаъолияти кории ман боз шуд. Муқаддаман аз моҳи сентябри соли 2000 ба мушорикати ёдшуда ҷалб гардидам ва маҳалли корам аз Тошканд ба шаҳрҳои Тӯрткӯлу Берунӣ ва Нукуси Қароқалпоқистон иваз шуд. Баъдан яке аз ҳамкорони мушорикат – ширкати «Собир-интернейшнал» фаъолияти худро дар Ӯзбекистон таътил кард ва танҳо ширкати «Шимбор» паймонкории худро идома дод. Инҷониб то ба ҳол дар ҳайати ин ширкат, ки аллакай чандин воҳиди пумпхона, манбаъҳои заминӣ ва ҳавоии об, хлорзанӣ, тасфияхона, хутути лӯла ва соир корҳои системи обрасониро дар шаҳристонҳои ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва устонҳои Хоразм, Сурхондарё, Дизах, Бухоро анҷом додааст, ба унвони мутарҷим ва коргузори идорӣ фаъолият дорам.
Камина ҳанӯз дар овони кӯдакӣ ба шеър гуфтану мақола ва ҳикоянависӣ шавқу майл доштам. Ин ангезаи фикрии ман дар солҳои омӯзгорӣ ва ба вижа, ҳангоми фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тошканд ба авҷ расид. Аз он солҳо инҷониб бо рӯзномаҳои ҷумҳурии «Овози тоҷик», «Фарҳанги Осиёи Марказӣ» (кори ин рӯзнома дертар таътил шудааст), рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Фараж», ҳафтаномаи «Ховар», маҷаллаҳои «Садои шарқ», «Дурдонаи шарқ» ҳамкорӣ дорам ва қаламиҳои худро дар шакли мақола, лавҳа, очерк, ҳикоя, қисса ба чоп мерасонам.
Бори аввал ёддоштҳои худро аз сафари анҷомдодаам ба шаҳрҳои Шерозу Исфаҳону Теҳрони Эрон ба шакли китоб, бо номи «Аз гулгашти Мусалло то Нақши ҷаҳон» соли 2008 аз тариқи нашриёти давлатии «Ӯзбекистон» дастраси хонандагон гардонидам.
Китоби дувуми банда бо номи «Аз санг сахт, аз гул нозук» соли 2010 дар матбааи «Extremum press» таҳти шумораи давлатии ISBN 978- 9943-369 48-1 чоп шуд. Ин нахустин китобам аст, ки ба таври интихобӣ осори дар солҳои мухталиф эҷодкардаи худро иборат аз достонҳои кӯтоҳ, қиссаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангӣ дар он ҷамъ овардаам.
Китоби сеюми камина бо номи «Ҷоми саргардон» соли 2014 аз тариқи нашриёти «Tamaddun» ба чоп расид. Он аз ду қисса (повест) ва давоздаҳ ҳикоя иборат аст.
Бо муҳаббати беандоза ба зодгоҳам – деҳаи Эҷ чорумин китоби худро бо номи «Деҳаи зархез» ба чоп расондам. Ин китоб соли 2016 дар матбааи «Turon zamin ziyo»-и Тошканд ба табъ расид, ки се бобро фаро мегирад. Боби аввал «Вожаҳо ва гӯйиши мардумӣ» ном дошта, лаҳҷаи эҷиёнро дар муқоиса бо забони адабии тоҷик таҳлилу баррасӣ намудаам ва аз ин гӯйиш луғатномаи мухтасарро таҳия кардаам. Боби дуюм таҳти унвони «Таронаҳои мардумӣ ва катибаҳо» суруду таронаҳои шифоҳиеро, ки аз сӯйи гӯяндаҳои эҷӣ гуфта ва суруда мешаванд ва катибаҳои монда аз замони пешинро фаро мегирад. Дар боби сеюм бошад, намунаҳое чанд аз осори нуҳ тан шоиру нависандагони эҷӣ (Маҳмуди Нурназар, Абдуназари Набӣ, Бекназар Тӯйназар, Шакари Деҳқон, Зайнаб, Юнуси Имомназар, Ҳикмат, Шакар Сайфӣ, Фаридуни Фарҳодзод) гирд омадаанд.
Соли 2021 нахустин романи худро бо номи «Сабзу сурх» аз тариқи нашриёти «Tamaddun» ба чоп расонидам. Дар китоби мазкур воқеаю ҳодисаҳои давраи гузариш аз замони ҳукуматдории амирӣ ба даврони шуравӣ, ки ҳудудан даҳ солро фаро мегирад, табаддулоти зеҳнию иҷтимоии одамон, одоб ва расму оинҳои алоқаманд бо нигориши бадеӣ баён шудаанд. Дар мисоли персонажҳои фаровон, алалхусус, дар симои як нафар муллои таҳсилкарда, ки бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккуру андешаҳои худ боқӣ мемонад ва бародари омӯзгори ӯ, ки ба ҳаёти нав созгор мешавад, сужаи асар ва гиреҳкушоии рӯйдодҳоро тасвир намудаам.
Ҳамон сол ҳамчунин баргузидаи ашъор ва осори насрии шоиру нависандагони кӯҳистони Нураторо гирдиҳам оварда, бо номи «Гули санг» ба табъ расонидам. Ин китоб бо маблағи ҷавони олиҳиммат Ҷалоли Ҷамол ба чоп расид, ки ин кори савоби ӯ ба ёди падари шодравонаш Ҷамол Халелов бахшида шудааст.
Дар оғози соли 2024 китоби тозаи камина бо номи «Марзи умед» ба дасти хонандагон расид. Ин китоб тавассути нашриёти «Muharrir nashriyoti» чоп шуд, ки аз ду қисса ва ҳикояҳои хурду калон иборат аст. Аз ҷумла, қиссаи «Қиссаи ҳоҷӣ» дар пӯшиши бадеӣ офарида шуда, барои ҳар касе, ки майлу хоҳиши анҷом додани маносики ҳаҷ ва умраро дорад, метавонад ҳамчун роҳнамои хубе хидмат кунад. Қиссаи тамсилии «Армон» бошад, падидаи тоза дар адабиёти навини кишвари мост. Рӯйдодҳои онро метавон дар ҳама макону қишрҳои зиндагии одамон мушоҳида кард.
Ҷойи зикр аст, ки чанд намуна аз ҳикояҳои камина дар китобҳои дастҷамъӣ низ гирд омадаанд. Чунончи, дар китобҳои «Се барги сабз» (Тошканд: «Noshirlik yog’dusi», 2019) ва «Суғдиёна» (Ҳӯланд: «Ақли Сурх», 2020), ки шомили достонҳои кӯтоҳу баланди нависандагони форсизабони Ӯзбекистон мебошанд.
Камина ҳамчунин ба таври густурда ба тарҷумаи осори нависандагони маъруфи ӯзбек камари ҳиммат бастаам. Нахустин китоби тарҷумаҳоям бо номи «Хирмани сухан» соли 2019 аз тариқи нашриёти «Noshirlik yog’dusi» ба чоп расид. Он аз шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳои осори понздаҳ нафар нависандаи шинохтаи ӯзбек иборат аст. Дар идома, соли 2024 ҳамзамон ду китоби дигари «Хирмани сухан» аз ҷониби нашриётҳои «Тамаддун» ва «Muharrir nashriyoti» ба табъ расид, ки ин китобҳо низ шарҳи ҳол ва намунаи осори бисту панҷ нафар адиби маъруфи ӯзбекро фаро мегиранд.
Дар хусуси китобҳоям аз тариқи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» мақолаҳои таҳлилию интиқодӣ (аз тарафи профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, шоирон Абдулло Субҳон ва Паймон, нависанда ва шоир Муҳаммад Шодӣ, рӯзноманигор Варорӯдӣ, омӯзгор Нурулло Солеҳ, нависанда Шариф Халил ва шоиру нависандаи тоҷикистонӣ Марямбонуи Фарғонӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода) ба таваҷҷуҳи хонандагон ироа шудаанд.
Аз моҳи феврали соли 2020 инҷониб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мебошам.
Моҳи июни соли 2021 муфтахар ба ҷоизаи адабии «Нишони сухан» аз сӯйи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардидам.
Моҳи декабри соли 2021 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайвастам.
Роёномаи ман дар интернет: Yunus–Imomnazar@mail.ru
Торнамои интернетии ман: https://yunusi–imomnazar.com/
Дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи хос дорам ва ба гурӯҳи фарҳангию маърифатии «Кӯҳистони Нурато» мудирият мекунам.
Тахаллуси адабиам – Юнуси Имомназар.
Хонумам – Истадхон Ҳакимзода тоҷикдухтари эҷист, маълумоти мактаби миёнаро дорад, кадбону мебошад. Чор фарзанд – ду писар ва ду духтар дорам, бо исмҳои Беҳрӯз, Наврӯзгул, Баҳманёр, Моҳрӯ.